Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Не, хоҳарҷон. Вай дар ҷои хатарноку устувор аст, вале маро дар ҷустуҷӯ аст. Ҳамин куртаи доманаш чарҳу остинаш қарс мезадагӣ аз вай аст.
Ту духтар ҳастӣ, ин кори ту нест, ман худам мераваму меорамаш.
Заркокул медонад, ки Гулпарӣ дар куҷост. Боз ба назди девкампир меравад. Девкампир мегӯяд, ки барои овардани Гулпарӣ булбулигӯёро бо худ гир. Заркокул ба қаср омада, булбулигӯёро бо худ мегирад. Баъд бо ёрии писарони девкампир нақб канда, рост аз хонаи Гулпарӣ мебарояд.
Гулпарӣ Заркокулро дар хонааш дида ҳайрон мемонад. Ҳамин дам булбулигӯё, ки вай ҳам замоне тобеи Гулпарӣ буд, воқеаро мегӯяд. Гулпарӣ дигар ночор мемонаду ҳамроҳи Заркокул меравад. Гулпарӣ нигини сеҳргарӣ дошт. Нигинашро як ба атроф медорад, зуд қасру кушки гунбаздоре ҳамроҳи боғу роғаш пайдо мешавад, ки дар кишвари подшоҳ ин хелаш вуҷуд надошт.
Рӯзе подшоҳ бо ходимонаш ба шикор мебарояд.
Ногоҳ мебинад, ки дар як гӯшаи кишвараш қасре пайдо шудааст, ки аз қасри вай зеботару хубтару ободтар. Ҳайрон мемонад. Худ ба худ мегӯяд, ки «шояд ин дар замини подшоҳи ҳамсоя бошад».
Ҳамин дам шарақ-шарақ дарвоза ба ду тараф кушода мешаваду як ҷавоне мебарояд, ки ин қадар зебо. Подшоҳ пас аз салому алейк мепурсад:
– Ин қасри зеборо мо бори аввал мебинем.
Мумкин аст тамошо кунем?
Заркокул мебинаду намедонад, ки вай подшоҳ
аст. Сирро бой надода «ҳозир аз соҳибаш пур-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё