Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Ҷавон гуфт:
– Ман ҳайрон, тоқатам тоқ шуд, ту кистӣ?
Малика гуфт:
– Хайр, акнун, ки бесабрӣ кардӣ, чанд душворӣ ба сарамон меояд. Ман ҳамонам, ки ту маро накушта, зинда нигоҳ доштӣ, дигар тамоми умр ман бо туям.
Қисса кӯтоҳ, онҳо хонадор шуданд, ҷавон ҳар рӯз ба моҳигирӣ мерафт, духтар бо кору бори хона машғул мешуд. Рӯзе ҷавон ба моҳигирӣ рафту подшоҳ, бо вазираш, ба шикор баромад. Подшоҳ бисёр ташна монд. Дид, ки дар ҳамин наздикиҳо як ҳавлӣ ҳаст. Ҳар ду омаданд, ки аз ҳамин ҳавлӣ об гиранд. Вазираш аз дарвозаи нимкушод ба даруни ҳавлӣ нигоҳ карду ба подшоҳ ишорат кард. Ҳар ду диданд, ки як духтари бисёр зебо, дар ҳусну латофат беҳамто ҳавлӣ мерӯбад. Подшоҳ баробари дидани духтар дил аз даст дод. Вазир гуфт:
– Эй духтар, дар ин ҳавои гарм ташна мондем, ба мо як коса об бидеҳ.
Ин духтар, яъне Малика, як кӯза обу коса оварду пешкаши онҳо кард. Вазир бурд обро ба подшоҳ дод ва худаш ҳам нӯшид. Пас аз обро нӯшидан вазир ба подшоҳ гуфт:
– Дидед?
Подшоҳ ҷавоб дод:
– Бале, дурри якто!
Подшоҳ ошиқи ҳамон Малика шуд. Пурсуҷӯ карданд, фаҳмиданд, ки дар ҳамин ҷо моҳигире зиндагӣ мекардасту ин соҳибҷамол зани ҳамон моҳигир будааст. Вазир гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё