Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

– Олиҷаноб, ҷойи ин Малика қасри подшоҳ аст. Коре карда ин Маликаро аз он ҷо ба қаср овардан даркор.
Подшоҳ гуфт:
– Чӣ тавр?
Вазир гуфт:
– Дунё пури найранг аст, якеро ба кор баред.
Ҷавонро даъват кунеду гӯед, ки молиёти падару бобою бобокалонат, ки солҳо напардохтаанд, ин қадар мешавад, ба ҳамон маблағ бароям як қаср соз, вай наметавонад. Пас мегӯед, ки ба ивазаш занатро деҳ.

Рӯзи дигар подшоҳ ба моҳигир одам равон карда, ӯро ба арк овард. Моҳигир ба пеши подшоҳ омад. Подшоҳ ба ӯ гуфт:
– Моҳигир, чандин солҳост, ки падару бобою бобокалони ту дар ҳамин кишвари ман зиндагонӣ карданд, аммо обпулӣ, хонапулӣ, заминпулӣ надоданд. Ба маблағи ҳамин дар рӯ ба рӯи арки ман, як қасри тиллоӣ сохта медиҳӣ.

Ҷавони моҳигир гуфт:
– Эй подшоҳи олам, ман як моҳигирам, барои шумо аз куҷо қасри тиллоӣ созам.
Дар ҳамин вақт подшоҳ дар қаҳр омаду гуфт:
– Ҷаллод! Сарашро бизан!
Бечора моҳигир гирякунон гуфт:
– Олиҷаноб, чил рӯз муҳлат диҳед, ман фикр кунам.

Чил рӯз муҳлат гирифту гирёну нолон омад ба хона. Малика аҳволи ӯро дида пурсид:
– Чӣ шуд?
Гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ