Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Моҳигир аз ин рафтори подшоҳ ба тарс даромада гирякунон гуфт:
– Олиҷаноб, боз сил рӯз муҳлат диҳед.
Моҳигир чил рӯз муҳлат гирифта, гирёну нолон ба пеши Малика омад. Малика, ки аз ҷинси париён буд, барояш таҳияи ҳама чиз осон буд.
– Эй моҳигир, ғам махӯр, ғусса мадор. Ин корҳо саҳл аст. Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад, гуфтаанд. Аз паи зиндагиат шав.

Сию нӯҳ рӯз зуд гузашту рафт. Моҳигир ҳаяҷонзада шуд. Ин дафъа маргро бар гардан гирифт. Худ ба худ фикр мекард, ки Малика маро дилдорӣ намуд.
Малика гуфт:
– Ғам nahӯр, боз ҳам ба ҳамон ҷое рав, ки маро аз он ҷо ба шаст гирифта будӣ. Боз ҳамон Харбарзанигиро садо кун. Вақте ки Харбарзангӣ аз даруни об намоён шуд барояш гӯй: «агар мурғи духтари дуюми подшоҳ тухм зойида бошад, ҳамонро ба ман диҳед, ки ба духтари хурдӣ барам».

Моҳигир боз ба соҳили дарё омаду бо садои баланд ҷеғ зад:
– Хар-бар-зан-гииии!!!
Аз даруни дарё як чизи бадҳайбати бадшакли бисёр ваҳмангез баромада:
– Лаббай! Ман дар хизмати шумо – гуфт.
Моҳигир зуд бо ҳаяҷон мегӯяд:
– Маро духтари хурдии подшоҳ фиристод. Он кас гуфтанд, ки агар мурғи духтари дуюми подшоҳ зойида бошад, як дона тухмашро диҳед, то ман ба он кас барам.
Харбарзангӣ шалаппос ба дарё рафту зуд баромада гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ