Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Марҳамат, ҳозир мурғ зоида будаст. Ана, ин тухм.
Моҳигир тухмро гирифта ба пеши Малика омад. Малика ба моҳигир гуфт:
– Ин тухмро пагоҳ рӯзи чилум бароиш бар. Лекин нисфирӯзӣ рав. Подшоҳ туро аз саҳар интизор ва аз дер кардани ту асабонӣ аст. Дарбориёнаш, хизматгорон, лашкар ҳама ҷамъанд. Эълон шудагӣ, ки аз даруни тухм гов мебарояд. Ҳама дар ҳайрат. Дар ҳамин вақт ту дар мобайни майдон баромада тухмро ба замин зан. Ҳамин ки тухмро ба замин задӣ, аз дарунаш як гов мебарояд. Ту худат дар гӯшае исту тамошо кун. Гов бо шоҳаш ҳамаро мезанад. Баъд подшоҳ аз ту илтиҷо мекунад, ки говро бигир, дигар ба ту коре надорам. Ту ба гов бигӯ, ки эй гов, ба ҷои худат рав. Гов худашро зуд ба дарё меандозад.
Моҳигир нисфирӯзӣ ба арки подшоҳ рафт. Замоне ки моҳигир ба арки подшоҳ расид, ҳама ҷамъ шуда буданд. Барояшон ин муъҷиза буд, ки чӣ хел аз даруни тухми мурғ гов мебарояд. Моҳигир ҳам ба мобайни майдон баромаду тухмро ба замин зад. Аз дарунаш як гови калони бадҳайбат «бӯӯӯӯӯ» гӯён баромада, рост ба ҷониби подшоҳу вазир рафт. Бо шоҳаш онҳоро чунон мезад, ки тамоми лашкар халос карда натавонист. Подшоҳу вазир фиғон кашида мегуфтанд:
– Тавба кардем, дигар ба ту кор намефармоем! Моро аз ин бало халос кун.
Онҳо зораву нолаи бисёр карданд, раҳми моҳигир омаду овоз дод:
– Эй гов, ба ҷойи худат рав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё