Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Кӯдаки навзод аз бағали моҳигир худашро ба замин партофту гуфт:
– Киро ба хок яксон кунад?!
Давида аз ҷаллод пештар калтакро гирифту подшоҳу вазиру мансабдорону ҷаллодонро задан гирифт. Аммо ба мардуми тамошобин нарасид. Доду вой, гурезогурез сар шуд. Кӯдак подшоҳу вазиру ҷаллодро гурехтан намонд, онҳоро зада ба замин чаппа кард. Касе пайдо нашуд, ки ин навзоди хурдакакро бидорад. Кӯдак онҳоро асир карду тоҷро аз сари подшоҳ гирифта, ба сари моҳигир гузошт. Мардум аз ин рафтори кӯдак шоду аз зулми подшоҳ озод шуданд.
Ана, ҳамин тавр, моҳигиру Малика аз имтиҳони зиндагӣ гузашта, соҳиби тоҷу тахту қасру боғу роғ шуданд. Мардум ҳам аз зулми подшоҳи золим халос гаштанд. Онҳо ба муроду мақсадашон расиданд, мову шумо ҳам бирасем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё