Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
— Аммо хари худат ҳанг занад, дуои бад намекунӣ, а?
— Чунки вай хари худам. Баъд... овози вай ин қадар хунук не.
— Лекин овози хари мо бад ганда. Ҳамин тавр?
— Албатта!
— Аз овози раисамон ҳам хунуктар?
— Кали Файзуллоро мегӯй?
— Агар не, боз киро?
— Рост, — ана овозу мана овоз! — баланд механдад Суҳайло. — Рафту мусобиқа кунанд, хари ту дар пеши вай шарманда мешавад.
— Овозаш-ку, хайр, ба худаш, — акнун ҷиддӣ ба забон меорад Бибирухсора. — Лекин ноумед... ду сол инҷониб ҳаққамонро намедиҳад. Хоҷагии фермерӣ дорем, кали Файзулло барин раиси чор кас медидагӣ дорем гуфта, мурдем аз белу каланд задан.
— Аксарият дар ҳамин аҳвол. Росту дурӯғаш қатор, сад баҳона меёбад маккор.
— Ба хаёлам, гуноҳи худамон, Суҳайло. Мо ба мисли рамаи гӯсфандем, куҷое ки ронанд, рафтан мегирем. Одам барин ҳаққу ҳуқуқамонро намешиносем. Дар акси ҳол ба ивази дусола меҳнат варақи пулаш чист, ҳатман медидем. Чаро набинем буд?!
— Баъзеҳо гирифтаанд.
— Шунидам, — сухани Суҳайлоро тасдиқ мекунад Бибирухсора. — Барои он ки кал аз ҳамон баъзеҳо метарсад.
— Лекин аз мо баринҳо не...
— Албатта! Кадом одам чӣ хел, — вай фақат рамуз гирифта мегардад. Чунон бало, ки дар зиракӣ тамоми музофотро ба як нӯл мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё