Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Зард, ки ман давидани онро, азбаски дар рӯи фарш хобидаам, аз дари кушода, аз пушти тӯрпардаи шаффофи алайно мебинам. Боз ҳамон чиғчиғак, балки дигараш, дар болои бом гӯӯхарош фарёд кашида, шитобон куҷое парида меравад магар, овози шумашро дигар намешунавам.

— Ба ҳар ҳол, ягон дарак ҳаст? — ниҳоят дубора мепурсад Бибирухсора.

— Нест, — мегӯяд ҳамоно дугонааш. — Дина боз гаштааст Рустам дар ҷустуҷӯи Сӯҳроб. — Ва аз таҳти дил механдад.

— Қаҳ-қаҳ мезанад ба ҷои гиристан... — хаёлам, ки гаранг мемонад Бибирухсора.

— Барои гиристан оби дида лозим. Дигар нест оби дидаам. Қоқ шудааст, намаш ҳам намондааст, — инро гуфта, Суҳайло лаб фурӯ мебандад.
Ва баъди фурсате бо қаҳру заҳр, қариб фиғонаш баромада, давом медиҳад: — Номро бинанд, а!
Он Рустаму Сӯҳроб чӣ корҳо мекарданду Рустаму Сӯҳроби мо ба чӣ машғуланд... Тавба!

— Ба ҳамин хандидӣ?

— Чӣ хел нахандам? Сӯҳроб, а! Садқаи чунин ном шавад. Сӯҳроби қаҳрамон, бераҳму шафқат... Рустамаш ҳам дуруст.

— Ношукрӣ накун. Ба вай чӣ шудааст?

— Ҳеҷ, — бо итоб мегӯяд Суҳайло. — Аҳмади порина, латта. Мегардад даҳонаш воз. Мардак як қадар сиёсат дошта бошад... Ба вай Рустам не, бояд Хоқироҳ ном мемонданд.

— Одами нағз шавҳарат — вазнин, бамулоҳиза... Боз чӣ даркор ба ту? Ором бош, ёфт мешавад Сӯҳроб. Бори аввал не-ку.

— Ҳеҷ вақт ба ин муддат ғайб намезад. Охир, ҷорум рӯз, а!

пешина
аз 67
навбатӣ