Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
— Шунидам, ки дина дар маркази ноҳия дидаанд.
— Дина аз ҳамин гап хабар ёфта рафт Рустам.
— Дар хона ягон ғурбат накарда буд?
— Кӣ?
— Сӯҳроб, албатта.
— Не-е... Чанд бор фаҳмонам? Ҳамон саҳар, — боз мефаҳмонад Суҳайло ба тамкин, — ширчояшро хӯрда, ба Малоҳат мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта аз эшони Муқтазо як тӯмор гирифтам, ҷилду бандаш бидӯз, бозубанд барин шавад. Ку бинем, ҳаваси арақ дар дилам мешиканад, ё не. Занаш хандида, ба он тӯмор зуд ҷилду банд карда медиҳад. Сӯҳроб, ана, даму нафаси эшон дар бозуяш, хушу хурсанд баромада меравад.
— Кошки ба ҳамин якбора мепартофт. Илоҳӣ омин! — ба оҳанги дуо аз самими дил мегӯяд Бибирухсора.
— Омин, а! Хоки тар, — менолад Суҳайло. — Худи ҳамон рӯз бинанд, масту мустағриқ дар стадиони ноҳия дароз хобидааст. Дар офтоби замини қоқ...
— Чап гирифтааст тӯмор. Ҳай-ҳай! — хандаомез афсӯс мехӯрад Бибирухсора.
— Ин не-вай не, арақ куҷову тӯмор чӣ?!
— Хайр, эшони валӣ додааст-ку...
— Таку тирези Сӯҳробро худат медонӣ — надиҳанд ҳам, ба зӯрӣ мегирад.
— ...Лекин дар стадион чӣ кор мекардааст?
Вай ҷои давидан нест?
— Ҷои ҳар бало. Касе ки зӯр бошад, Каъбааш — стадион.
— Сӯҳроб ҳам зӯр.
— Ёфтӣ зӯраташро. Гӯр! — мегӯяд Суҳайло ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё