Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ним, бовар намекунам. Боз ин ки, даҳонам бефаровез, ту барин дар пеши ҳар кас лақида намегардам.

– Ту ҳар кас не. Ту, охир, дугонаам, – хушнуд мегӯяд Суҳайло.

– Аз ҳад нагузарон, занак!

– Ман чӣ бад кардам?

– Дар ҳамин рӯзи мурдааш як бадбахтро ба муҳожима гирифта, ҳудаву беҳуда ҷоғ задан хуб аст?

– Хайр, дигар чӣ, кас агар дузд бошад, дузд мегӯянд, ғар бошад, ғар... Вассалом! Аз рӯзи азал ҳамин аст кори дунё.

– Хез, бева, – ҷиддӣ садо медиҳад овози Бибирухсора.

– Аа-а-а... – яқин ӯро дуруст намефаҳмад Суҳайло.

– Гум шав аз назарам! – ин дафъа дӯғ мезанад Бибирухсора.

– Рӯзи дароз дар офтоб гандум тоза карда, мағзат палағда шудааст.

– Дар ин умрам ҳазор бор ба ту гуфтагистам, ки донистанадониста, ягон бандаи Худоро ғайбат накун. Марги ту барин зан... Э хез-э!

– Мани аҳмақ кору борамро партофта, боз ба кӯмак омадаам.

– Дигар набиё.

– То кай?

– То худи қиёмат.

– Ман ҳанӯз ба дарам нарасида, пушаймон мешавӣ, Насиҳатбибӣ.

– Аз гапҳои фачи туро шунида шиштан пушаймонӣ сад маротиба беҳтар. Дар хона агар меҳмон намебуд, галагав мекардамат.

– Рӯям сиёҳ! Аз ёдам рафтааст, ки меҳ-

пешина
аз 67
навбатӣ