Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман инашро намедонам, Суҳайло. Лекин марги ӯро шунидан боз гиребон меқапам — охир, Хуросони ман ҳам дар Русия! Дарун-дарун ба даргоҳи Парвардигор менолам, ки писарамро дар паноҳаш нигоҳ дошта, зиндаву саломат баргардонад. Бе ягон осеб... Ҳамин аст фикру зикри ман. Аммо ту фақат бемаънӣ мегӯй. Вай сӯфии соф буд, ё махсуми мағзоба, — ман аз куҷо донам?!

  • Осуда бош, Хуросони ту нашъаҷаллоб не, ки ниҳоят гирифтор шавад, — инак дугонаашро тасаллӣ медиҳад Суҳайло. Суханаш мулоим аст, ба самъи кас форам мерасад. — Вай мардикор, хона месозад. Анвару Исломи ман ҳам ду сол инҷониб дар Сургут ароба мекашанд. Лекин то алҳол ягон гапашон набаромадааст.

  • Илоҳӣ набарояд!

  • Намебарояд, чунки онҳо роҳи ростро монда, ба бероҳа намераванд. Ҷанобил-махсум барин ба героин сари кор гирифта, зану бачаҳояшонро намепартоянд.

  • Гумонат, ҳама одамони героинфурӯш оилабезоранд?

  • Не, албатта. Аммо раҳматӣ махсум...

  • Э бас кун-э! — дар тасаввурам, ғирболро ба рӯи гандум мепартояд Бибирухсора. — Раҳматӣ, раҳматӣ... Ту аслан ин гапро аз куҷо шунидӣ?

  • Ё тавба! О худат раҳматӣ шудааст гуфтӣ-ву...

  • Ман ҳамон овозаи бӯйнокро дар назар дорам.

  • Гӯё ту ҳаргиз нашунидай. Гӯё ту якумр дар гӯшат пахта монда мегардӣ.

  • Шунида бошам ҳам, — мегӯяд пас аз қадре сукут Бибирухсора, — то ба ду чашми сар наби-

пешина
аз 67
навбатӣ