Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гирифта, рӯзи дароз меҷунбидам. Ва аз ин хеле шод будам, чунки ҳам касб меомӯхтам, ҳам аз маоши худ дар беморхонаи Қарияи Боло дида, ба дастам панҷоҳ-шаст маротиба бештар пул мегирифтам. Ва то метавонистам, барои фардо гуфта, муттасил пасандоз мекардам.

Дар ин муддат ӯру рафиқони хуб низ ёфтам.
Ва оҳиста-оҳиста махсусан дар гилкорӣ усто шуда, дар қатори мусофирони зиёде ба сохтмони як меҳмонхонаи бузург машғул гардидам.
Бахтам тофта буд. Маошам нағз, шароити ҷои истиқоматамон ҳам бад не; хӯҷаинҳо низ, баъзе дағалу дурушташ истисно, асосан хайрхоҳ, хушмуомила... Дар иморати он бинои мӯҳташам, ки то алҳол идома дорад, тоҷикон бисёранд. Ва аз худи оғозаш ҳам зиёд буданд. Ба мисли Хуросон бештар аз ҳисоби мардуми кӯҳистон... Ман ба ҳашт нафари онҳо дар як хона мезистам. Ва аввалҳо чандон ҳис намекардам, ки аз байнашон Сафаралӣ ном марди тахмин сӣ-сивупанҷсолаи намозхон ба ман муомилайи хуш надорад,
— ба аксар лафзу рафторам ҳудаву беҳуда эрод мегирад, пасту баланд мегӯяд.

Аз ҳама бештар китобхонии ман ба вай мақбул набуд. Мавридашро ёфта, ҳай неш мезад: ба ҷои чашматро кӯр карда, ин қадар ба навиштаҳои кофирон часпидан Худои азза ва ҷалларо ба ёд ор — тасбеҳ гардон, намоз бихон, рӯза бигир... Ва дандонҳои чун тешаи зангхӯрда, забзардашро намоиш дода, нимғурма боз чиҳои дигаре гуфта, хунук ва дуру дароз механдид.
Тадриҷан ман аз чирки дили ӯ пай бурда, ҳангоме боз ҳам захр пошидан мехост, ҷавобҳои сахт мегардондам. Аммо Сафаралӣ баръакс — на ин ки худашро намеғундошт, балки аз будаш бад-

пешина
аз 67
навбатӣ