Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

тар шуда, бо ҳар баҳона якта-нимта ҳамхонаҳои дигарро низ ба муқобили ман мешӯронд. Вай чӣ мақсад дошт, аз чӣ сабаб маро бад медид, барои чӣ ҳатто маълумоти олиамро ба миён андохта, мур ту барин ҷарроҳи мардикор гуфта, баъзан беамон масхара мекард, — ман ҳеҷ намефаҳмидам. Ниҳоят... намедонистам чаро то ин андоза маҳз ба як худи ман мечаспад. Ва мешуд, ки гоҳо ба талҳу тундаш зиёда эътибор надода, ба маънии яқин зиёндор аст, беиллат даст меафшондам.

Ба ҳамин тариқ аз байн се-чор моҳ гузашт. Як шаби зимистон Сафаралӣ ва шаш нафари дигар намози хуфтанро хонда, қариб ҳама дар катҳои худ дароз кашида, аз ину он канда-канда гуфтугӯ мекарданд. Дар байнашон танҳо ману Хуросон намоз намегузоштем. Аммо ҳеҷ гоҳ аз вай эрод намегирифтанд. Ва аҷибаш, агар гапе дошта бошанд, ба эҳтиёт гап мезаданд. Ҳатто чунин менамуд, ки аз Хуросон як қадар мекебанд, ё кӣ медонад... шояд эҳтиромаш мекунанд. Вай ҳам ба онҳо қариб чизе намегуфт — аксаран хомӯш буд. Аз сӯҳбатҳои бемаънӣ канора ҷуста, кори худашро медид. Дар соатҳои фароғат бештар хоб мерафт, ё дароз кашида, аз як магнитофони хурди базеб, ки доимо дар болои сандуқи пеши каташ меистод ва касе ҳад надошт ба он даст расонад, овозаш паст, ҳар гуна суруду мусиқӣ мешунид. Ба тоҷикӣ; хоса аз Фалак, аз Шашмақом низ...

Каме агар хурд набошад, Хуросон тахмин ҳамсоли Сафаралӣ буд. Вале қоматаш аз ӯ як сару гардан баланд, қафаси синааш барҷаста, шонаҳояш паҳн... — умуман паҳлавонеро мемонд, ки калон-калон майдонҳоро дида, борҳо ғолиб

пешина
аз 67
навбатӣ