Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
нишаст. Ва ба худ аҷаб сурати тарсомез гирифта, нигоҳашро ночор гурезонд. Ман сабаби инро напаҳмида, мутаҳайир ба гирду пеш назар давондам. Ва нохост дидам — Хуросон, ки то алҳол рӯ ба девор хомӯш мехобид, акнун шонаҳои фароҳашро қадре бардошта, чаккаи сараш ба кафи даст, боре ҳам мижа назада, бо нигоҳи вазнини худ ҷисми Сафаралиро гӯё парма мекард.
— Ман ҳеҷ... — забон хоид ӯ. — Шайтон аз роҳ зад магар, ногаҳ баланд рафтем.
— Агар аз гӯру қиёмат қисса хондан мехоҳӣ, мардак, пас ба сидқи соф бихон. Дониста, астағфируллоҳ гуфта... — аз нав сар ба болин гузошт Хуросон.
Сафаралӣ боз дар ҷояш дароз кашид. Ман ҳам... Ва хона тахмин даҳ дақиқа дар ҳукми сукунат монд.
— Хайр, ҳеҷ гап не, — гуфт ахир ҷавони қоқинаи чеҳрааш мудом заҳир, ки Исроил ном дошта, кати хобаш дар паҳлуи Сафаралӣ меистод. Ва бо ҳамин хомӯшии мутлақро шикаста, идома дод: — Ба фикрам, акаи Сафаралӣ мехост, — пас даме лаб газида, ба ман нигарист ӯ, — ин бародарамонро аз тариқи мусулмонӣ бояду шояд оғаҳ кунад.
— Аз ту барин нафарони бадгумон, ҳамду сано бод Худои яккаву ягонаро, бештар мусулмонам, — гуфтам ман, ки ҳанӯз савори аспи ҷаҳл будам.
Ба ин касе ҷавоб нагардонд. Танҳо баъдтар Сафаралӣ як гулӯ афшонда, ба забон овард:
— Алҳамдулиллоҳ!
Ва ҳамоно ба сукут рафт. Дигарон низ хомӯш буданд. Пас аз фурсате вай даст ба риши кӯто-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё