Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷашбурд ва хаёломез ба ман рӯй оварда, дандон сафед кард. Ниҳоят пурсид:
— Ҳафа шудӣ?
Аҷаб, ки акнун беозор буд овозаш.
— Ба ту чӣ аҳамият дорад? — гуфтам ман мулоимтар.
— Ҳафа нашав, додар, — ҳамчунон табассум мекард Сафаралӣ. — Дар ҳақиқат ман мехостам ба ту аз мусулмонӣ каме сӯҳбат дошта бошам.
— Ҳамин хел бӯйнок аст номаш сӯҳбат?! — то ба ҳол вуҷудам қаҳролуд, хитоб намудам ман.
— Баъзан мешавад, аз беэҳтиётӣ...
— Пас минбаъд эҳтиёт бош!
— Хуб, аз ман гузашт. Дар оянда ба назар мегирем, ки одами дилаш нозук будай.
— Ин гапи дигар.
— Яъне аз мо намеранҷӣ?
— Ту аз номи худат гап зан.
— Хайр, ана, — дигар аз ман намеранҷӣ?
— Бас, бисёр майдагапӣ накун.
— Мехоҳам байнамон соф бошад...
— Пас, модоме намоз мехонӣ, тариқи мусулмониро аз ёд набар.
— Вай чӣ будааст? — даррав ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифт Сафаралӣ.
— Аввало, ҳеҷ бандаи мӯъминро наранҷондан, ба мардум дар муҳити сулҳу сафо зистан...
— гуфтам ман, андак ором шуда. — Наход ҳаминро надонӣ?!
— Ман-ку бохабарам кам-кам. Аммо ту...
— Чӣ, ман?
— ...Ба хаёлам аз дину диёнат умуман огаҳ нестӣ.
— Кӯри худу бинои дигарон...
— Бигузор мо кӯр бошем. Лекин оё ту ҳамин

пешина
аз 67
навбатӣ