Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Дай, ки бад ё нек будани инсон на аз маҳал, балки аз тарбияташ, ниҳоят, аз хунаш вобаста!
— Ҷони гапро гуфтӣ, — боз хандид Сафаралӣ. — Аз хунаш...
— Пас як тараф мон ин даъвои бемаъниро, — андак осуда шудам ман.
— Намонам, чӣ? — ба ҷои мудоро акнун ҷиғот андохт ӯ.
— Ман туро ҳеҷ нафаҳмидам, мардак.
— О худат гуфтӣ-ку: аз хунаш вобаста...
— Хайр?
— Яъне бидон: хуни шумо, мардуми шимол, аз рӯзи азал вайрон аст.
— Хар будаӣ ту! — гуфтам ман, ғазабам аз нав ба ҷӯш омада.
— Аз модахар мешунавам, — ҳамчунон хандон рӯирост ба масхара гузашт Сафаралӣ.
— Ба ин маҳалгароӣ замин туро чӣ хел бардошта мегардад?!
— Аз шимолӣ будан ор мекунӣ, а?
— Аввалаш, на шимолиам ман, на ҷанубӣ. Дар Душанбе таваллуд ёфта, то дирӯзҳо дар ҳамон ҷо умр ба сар мебурдам. Дигар ин ки, на аз кӯҳистон андешидаам, на аз водӣ. Як нафар тоҷикам, вассалом!
— Лекин решаат аз шимол...
— Ин ягон ҷои бадӣ дорад? — дандон ба дандон монда, то метавонистам, ором ба чашмони ӯ нигаристам ман.
— ...чаламусулмон, — қоҳ-қоҳ зада, идома дод Сафаралӣ.
— Боз ҳам номаъқул кардӣ!
— Чӣ, мусулмони софӣ?
— Агар не, кистам?
— Ку калима гардон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё