Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо вай ҳанӯз суханашро ба охир нарасонда, Хуросон дар рӯи кат сахт паҳлу гашт. Ва ҳамоно даст дароз карда, магнитофони то ин дам хомӯши худро аз болои сандуқ чанг зада гирифту:

  • Лаънати Худо бод ба ту беимон! - гуфта, якрост ба тарафи Сафаралӣ андохт.

4

Ман дар ҷоям даступо хӯрда, лаҳзае гунгу гаранг шудам. Нағз, ки он магнитофони ба ҳар ҳол вазнин расам-нарасам фақат сари китфи Сафаралиро андак лат дода, садояш гӯшхарош, ба тахтафарш ғалтид. Кассетааш аз қафас берун омада, ба пои сандуқи Исроил зад. Ва худи ҳамон сония фазои хонаро сукунати вазнин фаро гирифт. Сафаралӣ, ки ҳангоми ба китфаш бархӯрдани кассета «ваҳ!» - гӯён тохта аз ҷой хеста буд, гашта ба лаби кат нишаст. Ранги рӯяш дока барин канда, намедонист чӣ кор кунад. Яқин овоз ҳам бароварда наметавонист, - лабони борикаш кам-кам парида, дар миёни ришу мӯйлаби сиёҳ аҷаб бегона метофтанд.

Исроил, ҷавони қоқинаи чеҳрааш мудом заҳир, як ба андоми ӯ ва як ба ҷониби Хуросон тарсомез чашм давонда, сипас ба рӯи фарш диккак нишаст. Ва магнитофони шикастаро оҳиста ба кассетааш бардошта, ҳамчунон бесадо ба по хест. Ҳозиронро гӯё аз назар гузаронда, фурсате хомӯш истод. Баъд дилу бедилон ба Хуросон наздик шуда, ҳар дуро дар болои сандуқи ӯ гузошт. Вале Хуросон... баръакс ғазабаш ҷӯшида:

  • Ҳамин ту калпеса намерасидӣ! - гуфт ба овози баланд ва парида аз рӯи бистараш хесту
пешина
аз 67
навбатӣ