Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Бод надеҳ, додар.
— Чӣ, кам-кам ба ёдат омад? — пурсид вай бо тамасхур.
— Ҷавонӣ буд...
— Сабабгори хунрезӣ шудан ҷавонӣ ё пирӣ надорад. Падарат, ки якумр худашро доно мепиндошт, охунд мегирифт, бояд инро медонист.
Охир, дар ибтидои он гирудори шадид кӯдаки беақл не, тахмин бистсола будӣ!
— Хуб, ҳоло чӣ кор кунам?
— Фикр кун, — яқин аз зӯри ғазаб дандон совид Хуросон. — Нек ба хотир биёр, ки аввалҳо чӣ хел шабу рӯз дум-думи падарат гашта, ҳар чӣ фармояд, аз қаду бараш бино монда, филҳол ба иҷро мерасонӣ. Баъдтар гӯё вазири дасти росташ шуда, ба вай калон-калон маслиҳат ҳам медодӣ. Дар муддати шаш-ҳафт соли ноумедӣ як пои шумо, падару писар, доим ба умед берун аз хоки ноҳия буд. Душанбе мегӯй, Қофарниҳон мегӯй, Кӯлоб мегӯй, эҳа-аа-а... Кӣ шимоливу кӣ ҷанубӣ, кӣ помириву кӣ хатлонӣ, кӣ коммунисту кӣ исломӣ — ҳама, ҳамаро як-як медонистед шумо, ҳатто рӯйхат доштед.
— Дурӯғ...
— Модом ки ҳоло аз қаҳр мекафӣ, билкул рост. Ғайр аз ин... мардум кӯр нестанд. Чандпула одам будани ту ва падаратро нағз медонистанд. Медонистанд, ки шумо барин тарғибгарони балабу лаҳҷа кам андер кам ёфт мешаванд дар музофот. Рӯзе набуд, ки ягон касро аз роҳ зада, ба доираи худ нарақсонед. Ҳам дар масҷид ваъз мегуфтед, ҳам дар мактаб; гӯё кифоя набошад, боз хона ба хона мегаштед. Акнун мулоҳиза ронам, имон чист, ору номус кадом аст, — ҳаргиз хабар надоштед. Ба рӯятон пӯстак каши-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё