Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
Да, гоҳ дар ин майдон гулӯ медарондед, гоҳ дар дигараш. Ба ҳарому ҳалол-ку таҳтан фарқ намегузоштед. Ман ҳайронам, ки шумо ба чӣ насақ дили ҳар ду тарафро ба даст оварда, ба ҳар ду ҷониб ғуломвор хизмат карда, бисёр одамони бегуноҳро ҳатто фурӯхта, дар мобайн боз зинда мондед.
— Ҳама кори дунё аз хости Худо...
— Далелу бурҳон наоварда, ҳоло ба ман фаҳмон. Инсоне ки боиси зиёда бадбахтиҳо шуда, пас аз ин қадар дағо дам ба дарун аз паи каму кости худаш нагашта, имрӯз ҳам шимолу ҷануб мегӯяд, як майда ба инсоф омада, заҳри забонашро намеғундорад, оё мусулмон аст?
— Аз ман гузашт, — андомаш раҳмовар, сар ба зер афканд Сафаралӣ.
— Нагузарад буд!
— Хайр, бас...
— Аз лафзи бӯйноки ту борҳо тобу тавонам рафта, мехостам бигираму дар бари ягон девор чалпакат кунам. Лекин астағфируллоҳ мегуфтам. Ҳоло ҳам ба худ эб намебинам, ки дастам олуда гардад. Садкаи намозу рӯза шавӣ ту, каждуми таки бӯрё! Садкаи ҳар тоҷики дилу ниятӣ пок шавӣ!
— Кифоя будагист.
— Забонатро каш, хари Даҷҷол! Як бори дигар бинам, ки дониста-надониста ба мардум неш мезанӣ, сиву ду дандонатро ба ҳалқат мефиристам.
Хуросон бо нафрат доман афшонда, боз каме дар болои сари Сафаралӣ истод ва чун дид, ки инак аз вай садое намебарояд, чаққон пеши дар рафта, чароғро ба иллат кушт. Ҳангоме дар магзи зулмот ба ҷоғаҳ даромад — ин аз ғиҷироси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё