Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

каташ маълум буд, — Исроил, ҷавони ранги рӯяш мудом зард, базӯр овоз дод:

— Магнитофонро гирифта, дар ҷояш мемондам...

— Саҳар мегирӣ. Ҳамон сабил аз они ту, — мулоим гуфт ӯ.

— Ягон кас хеста, рафту пешпо хӯрад.

— Сазои сараш, — яқин хандаашро дошта натавонист Хуросон. Пас илова намуд: — Шуд акнун, бисёр ғинг-ғинг накарда, хобҳои нағз бинед. Бас будагист қаҳрамонӣ.

Ва ҳама худро зуд таки кӯрпа гирифта, хона дигар дар панҷаи хомӯшӣ монд. Агарчӣ низ сар ба болин гузошта, мекӯшидам рӯҳи кӯфтаамро то ҳадде оромӣ бахшам, хоб дар чашмонам меҳмон намешуд. Дилам гӯё фишори хӯрда, ба эътироз омада, ноҳамвор метапид дар сандуқи тангаш. Ва ман, хотирам парешон, беихтиёр ба ҳар навъ андеша мерафтам. Фикр мекардам, ки аслан чӣ лозим бошад ба одамон озори якдигар. Хусусан ба мо, тоҷикон; боз дар ин ҷо, дур аз ватан, дар доми ғарибӣ; баъди он қадар воқеаҳои ҷигарсӯз, ки мурда-мурда аз сар гузаронем... Шояд ин хислати ғашангез, оқибаташ ҳатто накбатбор азалист дар зоти инсон? Балки касеро, гурӯҳеро, ниҳоят, қавмеро бад дида, дар дил кинаву кудурат парвардан худ як тақозои доимист дар табиати баъзе фарзанди одамизод? Наход бе талошу пархош умр ба сар бурдан мумкин набошад? Агар чунин асту илоҷ ҳам надорад, пас дар маҷмӯъ чӣ маънӣ мегирад зиндагии онҳо? Бигузор аз ғазаби мардум натарсанд, вале ақалан азоби гӯрро фикр намекунанд магар? Эҳтимол ҷавоби фардо, рӯзи қиёматро саҳл дониста, ҳар заҳреро, ки дар вуҷудашон мешо-

пешина
аз 67
навбатӣ