Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Муносибати ману Хуросон, муҷибаш ба эҳтимол ҳамон воқеа, ранги хеле хоса дошт. Гӯё маҳз ба тақозои табиатамон мо рӯз то рӯз ба якдигар қарин мешудем. Бе ҳеҷ ваъдаву ваид гӯё аҳди садоқат баста, мекӯшидем, ки аз доираи он берун наравем, бародарвор ба ҳам муттако бошем. Ин аз муомилаамон, аз самимият дар рафтору гуфторамон, ниҳоят, аз гармии нигоҳ ва ҳар ифодаи чеҳраамон хоҳ-нохоҳ ба назар мерасид. Ширингапӣ намекардем, мардона ва ҳатто як қадар лӯнда буд муносибатамон. Лекин аз замири он бедуд шаҳодати ростӣ ва меҳри поки инсонӣ бармехест...

Ҳангоме вақту соаташ таъин ба Душанбе меомадам, Хуросон шӯхиомез гуфт:

— Хуб одами дилсанг будай! Наход кас дар бадали се сол падару модарашро пазмон нашавад?!

— Чунон пазмонам, ки эҳа-а-а! — хандидам ман.

— Пас чаро дар ин муддат ягон маротиба ёди ватан накардӣ?

— Барои он ки хасисам. Мехостам бисёртар пул ғундорам.

— Албатта, зан мегирӣ...

— Кӯҳна бошад ҳам, аввал мошин мехарам.

— Баъд чӣ?

— Баъд... — пушти сар хоридам ман. — Як бори дигар ба ин шаҳри ҷонон омада равам, баъд, ана... маълум мешавад.

— Пас зудтар баргард.

— Ҳатман.

— Агар зан медоштӣ, ба мисли ман ҳар сол рафта меомадӣ.

— Шояд...

пешина
аз 67
навбатӣ