Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Росташро гӯй, Баҳодур, чӣ қадар меистӣ?
  • Оилаамон тинҷ бошад, ягон моҳ баъд меоям.
  • Илоҳӣ омин! - даст ба рӯй кашид Хуросон.
  • Омада, боз ҳамин кати худро соҳибӣ мекунам, - ҷиддӣ гуфтам ман.
  • Кошкӣ...
  • Некиҳои ту аз ман нагардад, аз Худо мегардад.
  • Воҳима, - даст афшонд Хуросон ва даме ба хаёл рафта, ногаҳон пурсид: - Исто, ки вақт ёфта, модари маро ҳам хабар бигирӣ, аҷаб кори хуб мешуд.
  • Ба ҷону дил! — сидқан даст ба сандуқи сина гузоштам ман. — Ноҳияи шуморо надонистан айб. Лекин хонаатонро чӣ хел меёбам?
  • Ин бисёр осон. Падари маро Саид-комсомол мегуфтанд...
  • Хайр?
  • Мардум ӯро асосан бо ҳамин ном мешинохтанд.
  • Ҳама?
  • Аксарият.
  • Ҳатто дар маркази ноҳия?
  • Бале.
  • Пас воқеан осон будааст хонаи шуморо ёфтан.
  • Дар он ҷо ба деҳаи раҳматӣ Саид-комсомол чӣ хел рафтан мумкин гуфта, аз як-ду одами калонсол бипурсӣ, дарҳол нишон медиҳанд, - умедвор нигарист ба чашмонам Хуросон. – Наздик, даҳ километр ҳам не...
  • Меравам, - гуфтам ман қатъӣ. - Чаро наравам? Ҳатто ба фарёди дил меравам.
  • Яъне ки аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан?
пешина
аз 67
навбатӣ