Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Аз рӯи шунидам, дар бачагӣ ҷароҳат бардоштааст. Дуруст? - тафсилоти воқеаро донистан мехоҳам ман.

  • Модоме ба ёдат гирифтай, пас онро аз худи оғозаш нақл мекунам, - набераашро ба ихтиёри Саъдӣ гузошта, ӯ дар болои кат ба ман рӯбарӯ менишинад.

  • Бемалол бошад... - ҳушамро ҷамъ меорам ман.

  • Дар ҳар сурат гӯш деҳ, писарҷон. Агарчи ҳикояташ вазнин аст, гурехта намешавад. Чунки ин ҳам як пора аз зиндагии мо, - мегӯяд модари Хуросон ва ба назарам, хаёлаш то дуриҳои дур рафта, фурсате хомӯш мемонад. Сипас ба пиёлаи ман, ки ҳоло аз гап задани худ дар ин хусус пушаймон будам, боз чойи гарм рехта, суханашро бо як тамкини пирона давом медиҳад: - Мо аслан саг намедоштем. Лекин падари Хуросон боре аз назди чӯпонҳо яктоашро оварда, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфт, ки ман барин пир шудааст, раҳмам омад... онҳо аздусар ё дар ягон ҷо партофта мерафтанд, ё оқибат мепаронданд. Ман камтар ғур-ғур карда, дигар чизе нагуфтам. Хуросону апааш ҷонварро дарҳол қабул дошта, аз таҳти дил ба обу нони вай машғул мешуданд. Падарашон чанд сол инҷониб кассири колхоз буд. Лақабаш Саид-комсомол, ба тини кас хиёнат намекард. Воқеан, вай ин номро дар ҷавонӣ, вақтҳои арӯсии ман меёбад. Раҳматӣ раиси ҷавонони ноҳия буд дар он айём.

  • Яъне котиби аввали кумитаи комсомол... - оҳиста луқма медиҳам ман.

  • Ҳамин хел, - мегӯяд ӯ бо лабханди маҳин. - Хулоса, мо ба он саги ҳушёр одат кардем. Аммо мардум нотинҷ буданд. Дар Душанбе

пешина
аз 67
навбатӣ