Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ошноем. Ё хато мекунам?

— Бале, бачагии мо дар як ҷо гузаштааст. Бо вуҷуди ин мехоҳам ҳақиқати ҳолро баён дорӣ, — исрор намудам ман.

— Ҳақиқаташ... акаи Бароталӣ рӯзи омаданат маро ёфта, таъин кард, ки ту навакак дар фалон боғи Деҳнав қарор гирифтай ва ман, то метавонам, ба хотири қадима дӯстиамон аз обу ошат бохабар бошам, — гуфт дона-дона Нурмуҳаммад. — Акнун ҷони ман халос?

— Тамоман! — ба китфи ӯ як даст андохта, оҳиста аз ҷой хестам ман. — Олимов ҳокими Деҳнав шуда, кай омада буд?

— Соли наваду се, баъди воқеаҳои нанговаре ки дар ин ноҳия рӯй доданд. Ту аз онҳо, албатта, бохабарӣ.

— Каму беш, — гуфтам ман хаёлолуд.

Зеро ҳақиқатан хабар доштам, ки баҳори ҳамон сол дар маркази Деҳнав байни ду гурӯҳи ба ҳам зид ногаҳон як занозанӣ ба амал омада, то одамкушиву хонасӯзӣ мерасад. Ин ду гурӯҳ аслан аз мардуми ду маҳал буда, муддатҳо боз, ҳанӯз дар даврони шӯравӣ — аз ибтидои солҳои ҳаштод, — ба ҳам рақибӣ мекарданд. Сабабаш пулу мол буд, давлату дороӣ буд. Мехостанд яке ба дигаре ғолиб омада, пеш аз ҳама бозору шабакаи савдоро дар зери назорати худ оварда, на ба заҳмати ҳалол, балки ба таҳдид, қаллобӣ, лозим донанд, ба зӯри мушту лагад муфт соҳиби ҷоҳу ҷалол гарданд.

Ва ин ба онҳо муяссар ҳам мешуд. Дар рақобати чандинсола ҳар ду гурӯҳ низ гоҳо гургоштӣ бошанд, гоҳо талоши пинҳонӣ бурда, гӯё навбат ба навбат яке ба дигаре ғолиб меомаданд. Дар натиҷа бою бадавлат шуда, то ҳикиртак серу

пешина
аз 87
навбатӣ