Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

тоза кардан лозим. Танҳо дар ҳамин сурат мардум осуда умр ба сар мебаранд, мулк бехазон мешавад, дар амон мемонад. Мазмун, ниёгонамон беҳуда нагуфтаанд: дарди бадро давои бад!

Дарди баде ки солҳо инҷониб дар Деҳнав реша давонда, якбора фасодаш берун омада буд, ба зӯдӣ даво ёфт. Нафарони дар задухӯрд бевосита гунаҳкор мувофиқи қонуни давлат ҷазои сазовор гирифтанд. Инчунин бар асари қариб якмоҳа тафтиши фаъолияти ташкилот ва идораҳои масъули шаҳру ноҳияи Деҳнав, аз ҷумла худи вилоят... аксарияти роҳбарон ё аз мансабашон озод гардиданд, ё ба вазифаҳои пасттар гузаштанд.

Яъне як бархӯрди фалокатбор дар як шаҳр боис шуд, ки дар зери назорати қатъии Тошканд вазъи корбарӣ на фақат дар ҷои воқеа, балки дар сатҳи вилоят низ ба таҳқиқ расад. Сиёҳ куҷосту сафед кадом аст, муайян гардад, қил аз хамир берун ояд...

Тахмин баъд аз як моҳи ин тазоҳури нангин ба мансаби ҳокими ноҳияи Деҳнав Баротalӣ Олимоврову лоиқ донистанд. Вай он гоҳ муовини аввали ҳокими вилоят буда, қаблан зинаҳои зиёди роҳбариро аз поин то боло тай мекунад. Дар натиҷаи меҳнати софдилона аз агрономии як совхоз то ба курсии сардори раёсати хоҷагии деҳоти ноҳия, аз котиби кумитаи комсомоли як ноҳия то ба мансаби котиби кумитаи марказии комсомоли ҷумҳурият, аз котиби кумитаи ҳизби як ноҳия то ба дараҷаи котиби кумитаи ҳизби вилоят месабзад. Олимов дар мансаби раиси шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ва раиси комиҷроияи шӯрои вакилони халқи вилоят низ пурмаҳсул фаъолият мекард. Ӯро дар

пешина
аз 87
навбатӣ