Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

водии Сурхон ҳама мешинохтанд, одамони накӯ, аз хурд то бузург, эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Ва ин ба ивази покдилӣ, имондорӣ ва муҳаббаташ ба аҳли заҳмат буд.

2

Ду-се рӯз пас гузорам ба шаҳр афтида, дар қариби бозори Деҳнав тасодуфан ба Нусрат Мардонов вохӯрдам. Вай аз Тирмиз, аз маркази вилоят меомад ва ҳоло аз бозори овозадори ин ҷо қадре харид карда, роҳи ноҳияи худро пеш мегирифт. Бо вуҷуди он ки мошини хидматиаш омодаи ҳаракат буд:

– Чор-панҷ сол боз ҳамдигарро надидаем, – гуфт Нусрат-ака, маро сидқан ба сӯи чойхона кашида. – Гардед, якпиёлай чой нӯшем, камтар чақ-чақ кунем...

Вай дар ноҳияи Зарчашма муовини аввали ҳоким буда, ҳамчун адиб низ дар саросари музофот эҳтиром дорад. Синнаш аз шаст гузаштааст.
Дар маркази вилоят ҳам ӯро бисёриҳо мешиносанд – мардест донишманд, ростбин, баэътибор.
Барои он ки тамоми умр, дар кадом вазифае кор карда бошад – директори мактаб буд, ё мудири маориф, муҳаррири рӯзнома буд, ё раиси комичроия, – ҳеҷ гоҳ аз мардум дурӣ намеҷуст.
Аз ҳасту нести онҳо ҳамеша бохабар мешуд. Аз ин рӯ хурду калони ноҳия ба қадраш мерасиданд. Дар айни ҳол низ иззаташ то андозае баланд аст, ки гумон мебаред одамон ӯро болои дида мегардонанд.

Мо дар сари чою ширинӣ аз якдигар аҳволпурсӣ карда, аз ину он сӯҳбат ороста, муддате
нишастем. Дар рафти ёдоварии аз дӯстони дуру
наздик гоҳ-гоҳ дар хусуси ободии Даҳнав ва

пешина
аз 87
навбатӣ