Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Тифо намекард. Вай акнун дар баробари аз касби худ ба дониш мусаллаҳ гардида, хушҳол ба зодгоҳаш баргаштан дар дил орзу мепарварид, ки кош минбаъд тақдир ва албатта, қаблан нияташ, маҳсули меҳнати баумедаш ӯро беминнат ба шоҳроҳи зиндагӣ мебаровард. Ба он шоҳроҳе ки сарбаландона тай карданаш ниҳоят душвор бошад ҳам, номи пурифтихор дорад. Ва ин ном — хизмати холисона ба халқ аст, ба замини муқаддаси падарон аст.
Аз ин муҷиб Бароталӣ миёнашро маҳкам баста, дилаш пур, ба кор оғоз намуд. Азбаски дар донишгоҳ сирри агрономиро аз ҳар ҷиҳат пухта омӯхта буд, ӯро дар дашти Шеробод роҳбарон хуш истиқбол гирифта, ба як совхози навбунёд сарагроном таъин карданд. Вале падараш, раҳматӣ Олим-паҳлавон, ки он вақт дар дигар хоҷагии ҳамон ноҳия мудирии шӯъбаро ба ӯҳда дошт, аз забони вай инро шунидан замон норозӣ гӯй баён намуд.
— Ту ҳанӯз ҷавонӣ, — гуфт ӯ ба Бароталӣ, — сарагрономӣ гурехта намеравад. Ҳоло дар ҳамин совхози Тозаобод, дар пеши худам кор мекунӣ.
— Ва илова намуд: — Мақсад агар дар касбат устод будан аст, дасту остин барзада, заҳматро аз поин ба дӯш гир, пасту баланди ҳаётро омӯз, ба кормандони қаторӣ, ба деҳқонони хокпош, ба одамони меҳнаткаш паҳлу ба паҳлу бош. Агар дилу ниятат воқеан соф аст, агар ақлу ҳушат зотан тез асту аз душвориҳо намеҳаросӣ, ба он тарафаш худи мардум туро аз дастат гирифта, ба мартабаҳои баланд мерасонанд.
Писар маслиҳати падарро бечуну чаро қабул дошт.
Ҳамин тавр, Бароталии бистудусола дар хо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё