Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷаҳи пахтакори Тозаобод, воқеъ дар ноҳияи он вақтҳо Гагарин, чун агроном ба фаъолият шурӯъ намуд.

Шояд дар пеши хонанда суоле пайдо шавад, ки Бароталӣ Олимов аз кӯҳистони Бойсун, хонадонашон низ дар ҳамон ҷо буд, пас чаро падараш дар дашти Шеробод кор мекард.

Барои он ки ин марди дар зодгоҳаш баъэтибор мувофиқи сиёсати заминҳои навро азхуд намудан дар қатори дигарон камари ҳиммат баста, аз кӯҳистони Бойсун, алалхусус аз деҳоти дурдасти он дар кӯчондани мардум ба дашти ташналаби Шеробод низ роҳбарӣ дошт. Дар ташкили хоҷагиҳои пахтакори чӯлистон саҳм гирифта, дар вилоят аз нахустин заминкушоён ба ҳисоб мерафт.

Ин корҳо ҳанӯз қабл аз мактабро хатм намудани Бароталӣ оғоз ёфта буданд. Падари ӯ Олимпаҳлавон, ки дар ҷодаи роҳбарӣ зинаҳои зиёдеро тай зада, дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекард, дар мансабҳои раиси комиҷроия ва директори эмтеэси Бойсун низ сари кор мегирифт, дар зиндагӣ, албатта, таҷрибаи бой андӯхта буд.

Воқеан, бори директори эмтеэсро вай дар замоне ба дӯш мекашид, ки ҳуқуқи ин ташкилот дар ноҳия аз ҳуқуқи кумитаи маҳаллии ҳизб дида хеле баланд шинохта мешуд. Дар радифи корҳои сиёсӣ ва кишоварзӣ вай ҳатто сохторҳои маъмуриро дар зери назар қарор медод.
Дар чунин идора фаъолият кардан, бешак, осон набуд. Масъулияти бузург мехост аз роҳбар.
Муҳимтар аз ҳама, то нафаре бегуноҳ ҷабр набинад, аз вай дили ҳассосу одамгарӣ низ тақозо менамуд.

Олим-паҳлавон маҳз ҳамин гуна инсон буд.

пешина
аз 87
навбатӣ