Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Он масъала фикратро баён дорӣ.
Ба илова муҳити пойтахтро намегӯед. Вай ба ҳар кас ҳар хел таъсир мекунад. Ва ин вобаста аз тарбия ва ҷавҳари фитрии инсон аст. Шахс агар нексиришт буда, ба олами маънавии худ ғановат бахшидан хоҳад, ҳама шароит муҳайё театрҳо, толорҳои хуби кинову концерт, намоишгоҳҳо, музею китобхонаҳои бузург, баҳсу мунозираҳо дар байни аҳли илму адаб, ошноӣ ба рассомону актёрон, таҳиягарому журналистон... Спектакл бубин, концерт шунав, ба осори наққошон шинос шав, китоб бихон, ба зиёиёни эҷодкор рафтуомад барқарор намо... – хулоса, инсон бош! Тафаккури худро сайқал дода, ба ҷаҳонбиният беш аз пеш вусъат бахш. Агар аз кӯи одамгарӣ гузаштан нахоҳӣ, барои мансабпарастӣ, иғво, кайфу сафо, бузургманишӣ, фискӯ фуҷур ва зиёда давлату дороӣ ғундоштан ҳам роҳу равиш меёбӣ. Зеро аз азал тавре будааст, ки дар пойтахтҳо на фақат дастовардҳои мақбули халқу кишвар чун дар оина акс меёбанд, балки паҳлуҳои бади зиндагӣ низ таҷассуми ба худ хос доранд.
Ба идроки Бароталӣ сарват... ин аввало дар радифи шинохти масъулият пайваста аз сиёсат огоҳ гардида, асрори роҳбариро омӯхтан, – маърифат буд. Аз бар намудани дарси муҳаббат буд, ки аслан беохир аст. Бо вуҷуди ин вай ягон соаташро беҳуда намегузаронд. Ҳам дар вазифаи худ устувор мемонд, ҳам аз олами илму фарҳанг баҳраҳо мебардошт.
Боз... бевосита дар зери назари Шароф Рашидов барин арбоби давлатӣ, нависандаи ҳассос ва инсони фурӯтан, ки бо ҳар роҳе бошад, дар рушди иқтисод ва фарҳанги халқи ӯзбек

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё