Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Нақши муассир гузошт, дилпурона кор кардан ва рафтору кирдораш ибрат гирифтан, албатта, бахти бузург буд. Бароталӣ ӯро падарвор мепарастид. Яқин ба Шароф Рашидов ҳам ин ҷавони чолок бисёр хуш омад, ки дар сивудусолагӣ, пас аз сӯҳбатҳои ҷиддӣ бо масъулин... дар ноҳияи Зарчашмаи Сурхонзамин котиби аввали кумитаи ҳизб интихоб гардид.

Инак дар ҳаёти Бароталӣ Олимов марҳилаи сеюми фаъолият оғоз меёфт. Вай аз Тошканд на танҳо дар кори роҳбарӣ таҷриба андӯхта, ба эътимоду ниятҳои нек, ҳамчунин ба асосҳои маданияту донишҳои замона мусаллаҳ шуда, сарбаланд омад...

Ҳоло ҷоиз аст ин ҷо таъкид намоем — масъулияти ҳизбӣ, махсусан дар мансаби котиби аввал, бо душворӣ ва нозукиҳои худ баъзан ҳатто мардони дунёдидаро низ ба кӯчаҳои бунбаст меандохт. Вай аз ташвиши соҳаи кишоварзӣ, саноат ё озмони ҷавонон, агарчи ба инҳо комилан пайванд буд, фарқи калон дошта, кас аз мураккабиҳои таҳтониаш гаранг мешуд. Пас ба Бароталӣ лозим меомад ҳамин тафриқаро ҳар чӣ зудтар омӯхта, дар беҳбуди ҳаёти мардум истифода карда, то метавонад, ба хатоҳо роҳ надиҳад. Нахуст ба хатоҳое, ки мабодо тақдирсӯз бошанд; мабодо боиси ҷабр дидани одамони бегуноҳ гарданд.

Ҳар инсони соҳибдилро аз муносибати ӯ ба мероси ниёгон, аз вафодории ӯ ба поси хотири бузургон муайян кардан мумкин аст. Одами оқил зуд-зуд айёми тозиро ба ёд оварда, бештар ба пайванди наслҳо эътибор медиҳад. Зеро имрӯз

пешина
аз 87
навбатӣ