Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Машҳурам, пули бисёр дорам, агар хоҳам, гул мехӯрам, гул мепӯшам. Ман кистаму баъзе ҳамдарсони камбағал чистанд? Не-е, ҳаргиз ин тавр набуд, вай аз такаббур ва худпарастӣ фарсахҳо дур мегашт. Ҳар чӣ дошта бошад, бо рафиқонаш ба ҳам медид.
Воқеан, Бобораҳмат-ака Юсуфов, падари Нурмуҳаммад, на фақат дар миқёси Ӯзбекистон, инчунин дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ аз машҳуртарин раисони колхоз ба ҳисоб мерафт. Вай беш аз бист сол дар калонтарин хоҷагии ноҳияи Даҳнав роҳбарӣ карда, ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ қадр мегардад, вакили Шӯрои Олии умуми мамлакат интихоб мешавад. Саҳми ин марди наҷиб, ки порсол аз дунё чашм пӯшид, дар ободонии Сурхонзамин ниҳоят калон аст.
Ҳоло бармегардам ба сари таклифи Нурмуҳаммад.
...Мо ба мошин нишаста, рӯ ба ҷануб аз маркази Деҳнав берун меоем. Ва як муддат роҳ паймуда, сипас ба дасти чап тоб хӯрда, ба Намозгоҳ ном деҳае мерасем. Абдусалом, шогирди Нурмуҳаммад, дар он ҷо, дар пеши дарвозаи хеле баланд ва бошукӯҳи қабристон, мошинро нигоҳ медорад. Ва мо қадам ба манзили хомӯшон мемонем. Каме роҳ гаштан пас дар канори ҷӯйбор чанорҳои ниҳоят бузурги камаш шашсад-ҳафт-садсола пеш меоянд, ки ба таки онҳо аз сангу хишти пухта суфаҳо бардошта, гирду атрофашонро ҳамвор кардаанд, ба тартиб овардаанд. Танҳо аз дидан баҳри дили кас кушода мешавад. Маълум, ки ин кори хайрро дар ҳамин ду-се соли охир анҷом додаанд. Ва аз тӯда-тӯда хиштҳои ба он ҷо омада пай бурдан душвор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё