Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бе гузашта, фардо бе имрӯз вуҷуд надорад. Зеро бе андарзи падарон, ки маҳсули асрҳо буда, аз авлод ба авлод ва аз даҳон ба даҳон мегузарад, хом мемондем мо, ба садди тазодҳои зиндагӣ пешпо хӯрда, дар миёни тӯфонҳои гоҳо шадиди он нопадид мешудем, балки ҳалок мегардидем.

Ман ин сатрҳоро навишта, беихтиёр дирӯз, таассуроти худро ба хотир меорам. Дирӯз, қарибиҳои чоштгоҳ, ба сараш чӣ хаёле омада, Нурмуҳаммад Юсуфӣ ногаҳон таклиф кард:

— Агар вақт дорӣ, биё, ба зиёрати мадфани як бузургвор рафта меоем. Ҳам ҳавои тоза гирифта, баҳри дилат кушода мешавад, ҳам аз таърихи ин диёр дурусттар огоҳӣ меёбӣ.

— Ба ҷон! — гуфтам ман, ба чеҳраи гарми Нурмуҳаммад, ки мӯяш ба мисли мӯи банда сап-сафед аст, озмоишкорона як назар давонда.

— Ин ҷо сирре нест, — гуфт ӯ, аз нигоҳи ман рамуз бурда. — Хокдони бузургворро ба чашми худат мебинӣ. Хоҷа Алоуддини Аттор ном дорад... Шогирди бовафои Баҳоуддини Балогардон буда, тамоми умрашро ба тариқати он ҳазрат бахшидааст.

— Аҷаб! — гуфтам ман, ки дар хусуси Алоуддини Аттор чизе нашунида будам. Ва дарҳол илова кардам: — Чаро наравем?! Меравем, ҳатман меравем...

Дӯсти ман Нурмуҳаммад як инсони некният буда, касбаш иқтисодшиносӣ бошад ҳам, ба адабиёти асил, хоса ба таърихи Ислом завқи зиёд дорад. Хоксор, дурандеш, ба ёрон меҳрубон. То метавонад, ба кас нағзӣ мекунад, ба фитодае даст доданро ҳам фарз, ҳам суннат медонад. То ҷое бохабарам, феъли вай дар айёми донишҷӯӣ низ чунин буд. Намегуфт, ки ман писари як раиси

пешина
аз 87
навбатӣ