Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

равоқи бетонӣ, ба фарши низ хиштии атрофи мақбара, сағонаи навбунёди манзили худи Хоҷа, ба сағонаҳои нисбатан хурди дигар, ки эҳтимол аз фарзандон, хешу табор ва шогирдони он ҳазратанд, бо ҳисси эҳтиром менигарам. Аз ободии ин мадфани барои мардуми бадиёнат асрҳо боз муқаддас, чунон ки ҳама кор маҳсули дасти худам бошад, ба ҳаяҷон омада, дилам гум мезанад. Аз як ҷиҳат хаёлам ба гузарон будани дунё равад, аз ҷиҳати дигар хурсанд мешаваm. Меболам, ки зиёда гарон намеафтидааст хотири бузургонро ҳамин тавр... бо муҳаббат пос доштан!

Бо ташаббуси акаи Бароталӣ оғоз гардида, зери назорати ӯ дар як муддати кӯтоҳ анҷом ёфт, — мегӯяд Нурмуҳаммад.

Ҳис мекунам, ки вай аз диёри худ Деҳнав ифтихор дорад; аз ёдгориҳои таърихиаш, аз он ки дар ҳудуди ин сарзамини куҳан оромгоҳи алломагон ба мисли Хоҷа Алоуддини Аттор кам нестанд, ниҳоят, аз он ҳақиқате ки дар зодгоҳаш Бароталӣ Олимов барин як ҳокими дурандеш, олами маънавиаш бой ва ахлоқаш покиза ифои вазифа мекунад, беҳад хурсанд аст.

Чунон ки зикр намудем, оромгоҳи Хоҷа дар баландӣ воқеъст. Бинобар ин тахмин меравад...
қабристон баъд аз ӯро ба хок супурдан пайдо шудааст. Дар атрофаш, ба тадриҷ... Ҳар чӣ ҳам бошад, вай имрӯз обод. Ба шарофати Хоҷа Аттори Валӣ мадфани дигар ашхоси машҳур, масалан, турбати эшони Ҳайдархон ҳам, ки камобеш шаст сол муқаддам фавтида, дар байни халқ ба илму маърифати хеш эътибори баланд доштааст, нағз таъмир дида, бо ҳусну намуди тоза ба назар меояд.

Мо дар пои мақбара нишаста, то ки рӯҳи Хоҷа

пешина
аз 87
навбатӣ