Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Шод гардад, фотиҳа мехонем. Инчунин мадфани падару модар, хоҳар ва писари паҳлавони Нурмуҳаммадро, ки дар бистучорсолагӣ аз садамаи автомобил ҳалок шудааст, зиёрат мекунем. Пас ба роҳаки дигари бетонии миёни қабристон қафо мегардем. Акнун ҳар кадом дар дунёи андешаҳои худ хомӯшем. То дами дарвоза, ки дар он ҷо аз мошин фуромада будем, қадам монда меоему Нурмуҳаммад бо тамкин мегӯяд:
-
Мувофиқи ривоят, домодаш Хоҷа Алоуддинро аз Бухорои шариф худи ҳазрати Баҳоаддини Нақшбанд ба ин музофот кӯчонда, ҳангоми бозгашт ба вай мегӯяд: на ҳар мӯъмину мусулмон аз водии Ҳисор, аз воҳаи Сурхон метавонад ба ҳаҷ равад, ё дар Бухоро ба зиёрати банда расад. Пас бигузор онҳо пеши ту оянд, туро донанд, аз ту пурсанд роҳи ҳаққу ҳақиқат-ро. Аз забони ту шунаванд рӯзгори пайғамбарамонро, аз ту фаҳманд яккаву ягонагии Оллоҳу покизагии дини исломро... Тақрибан чунин гуфта шудааст Баҳоаддини Балогардон. Ва он марди валӣ, Хоҷа Алоуддини Аттор, то охири умр дар ҳамин ҷо, дар маркази давлати Чағониён муқимӣ шуда, манзили охираташро низ дар ҳамин куҳандиёр меёбад.
-
Нағз, ки омадем... — хаёлолуд ба забон меорам ман.
-
Фикр мекунам, файзу баракати Деҳнав аз шарофати қадамҷои чунин азизу авлиёст, — суханашро давом медод Нурмуҳаммад. — Умуман халқ дар ҳаққи бузургон вобаста аз орзуҳои худ бо эҳтиром ривоят мекунад, ҳатто афсона мебофад. Чаро ман ин хел мегӯям? Барои он ки Хоҷаро ба Чағониён кӯчонда овардани Баҳоаддини Нақшбанд ривоят буда, аввало хоҳиши дили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё