Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чанд сатр нависам.

Инак, то ки мавзӯи сӯҳбат тағйир ёбад, ногаҳон аз Бароталӣ пурсидам:

— Ту аз радифи сару сарварон аввало ба кӣ эҳтиром мегузорӣ?

— Нафаҳмидам... — мутаҳаййир ба рӯям нигарист ӯ.

— Ман гуфтаниам, ки аз айёме донишгоҳро хатм намуда, дар миёни халқ ба фаъолият қадам мондай, ҳамеша дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунӣ. Ва албатта, дар зиндагӣ таҷрибаи зиёд андӯхтай. Ба бисёре аз мансабдорон паҳлу ба паҳлу заҳмат кашида, ба дигарашон вохӯрдай, сӯҳбатҳо доштай. Ё баръакс — дар муносибат ба онҳо ҳисси рақобат парвардай. Пас ҳоло гуфта метавонӣ, ки дар ҷумҳурият кадоме аз роҳбаронро бештар аз ҳама ҳурмат мекардӣ?

— Манзурат сарварони пештара? — пурсид вай дар навбати худ.

— Бале, салобати кӯҳро аз дур мебинӣ, — гуфтам ман. — Қадри одами мансабдор ҳам баъди аз кор рафтанаш, ё пас аз марг ба назар мерасад.

Бароталӣ сигорро даргиронда, қатъӣ баён дошт:

— Агар ба масъала аз ин бурҷ нигарем, ман тамоми умр Шароф Рашидовро эҳтиром мекардам.

— Сабаб? — мароқ зоҳир намудам ман.

— Ту ӯро хуб намедонӣ, — як дуд гирифта, хандид Бароталӣ. — Ту аз овони бачагиат одами Тоҷикистон. Аз гапу кори мо, ӯзбекистониҳо, дурӣ...

— Чаро надонам? — эътироз кардам ман. — Нағз медонам — китобҳояшро мутолиа намудаам, дар борааш мақолаҳо хондаам, аз ҳаёташ

пешина
аз 87
навбатӣ