Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки ба ривояти дар байни халқ зинда... боз ҳам зеботар тофта, дилу дидаҳоро тасхир мекард.
Оҳиртарин солҳои ҳаштод - ҳоло дар хотир надорам маҳз кадом айём буд, - хонуме дар Бойсун доир ба идеология котиби кумитаи ҳизб интихоб гардида, ба хаёлаш, аз беҳтарин корҳое ки ба сомон расонд, ин... худаш сар шуда, булдозер фармуда, он мақбараи бигузор хурдакак, аммо ба тавре нотакрорро яксони замин сохтан буд. Сабаб - мардум ба зиёрати Бибиширин мерафтаанд, дуо мехондаанд, тавоф мекардаанд. Яъне мақбара, ба фикри ҳамон хонуми даҳрӣ, дар кӯҳистони Бойсун ба қувват гирифтани дину диндорӣ асос гузошта, мафкураи одамонро чун заҳри ҳалоҷил ба фалаҷ мепайваст.

Ёд дорам, ки хабари ин ҳодиса то Тирмиз ҳам рафта, боиси гапу калочаи бисёр шуд. Бароталӣ Олимов он вақт котиби кумитаи ҳизби вилоят буд. Вай хизмати хонумро қатъиян маҳкум намуда, масъалаи минбаъд дар вазифаи худ мондан ё намондани ӯро ба миён мегузорад.

Воқеан, пас аз муддате он даҳрӣ аз мизу курсиаш сабукдӯш гардид. Мақбараро аз нав барқарор карданд. Вале пештара қадру қимати оромгоҳи Бибиширинро, ки нахуст дар куҳанбунёди ва нафаси асрҳоро дар худ акс намудан буд, оё баргардондан мумкин аст?

Не, албатта!

Ин ҳақиқатро Бароталӣ Олимов хуб медонад. Аз ҳамин сабаб вай на фақат ба ободонии
ноҳия, аз ҷумла марқад ё қадамҷои ашхоси машҳури он, балки - хеле муҳим буд ин - ба ҳар
чи зудтар ва басифату безарар таъмир гардидани яке аз ёдгориҳои таърихии Осиёи Марказӣ -
мадрасаи Саид Оталиқ, ки собиқаи қариб чор-

пешина
аз 87
навбатӣ