Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

садсола дошта, воқеъ дар маркази шаҳри Деҳнав аст, маҳкам миён баст. Ва бо ташаббуси ӯ аввало хазинаи алоҳида таъсис ёфт.

Инак хумдонҳои махсус хишт мепазанд; аз Бухорову Самарқанд устоҳои гулдаст омада, ба тармим машғуланд. Ҳоло ин мадрасаи дуқабатаи хеле калон, ки замоне дар шафаташ мадрасаи дигари низ бошукӯҳ ҷой гирифта будааст – вале солҳои бист ё сӣ онро вайрон карда, хишташро дар кадом иморате истифода бурдаанд, – рӯз то рӯз ба симои аслии худ бармегардад. Аз пасу пеши мадраса биноҳои тасодуфиро канда, саҳни даруну берунашро аз қабат-қабат хокҳои айём тоза карда, мардум орзу доранд, ки ниҳоят ин қитъаи Деҳнав ба ҷои диданӣ табдил ёбад, ифтихори шаҳр бошад.

Боре, намедонам дар кадом сӯҳбат, нафаре бо эҳтиром гуфт:

– Барои ободонии шаҳру ноҳия акаи Бароталӣ он қадар ҷонсӯзона заҳмат мекашад, он қадар дилсӯзона амал мекунад, ки гумон мебарӣ гӯё вай бо як муҳаббати беандоза хонаву дари худашро шукӯҳ медиҳад.

Ҳақ асту рост. Ман ҳам инро дар Деҳнав ба ду чашми сар дида, дар хилқати дӯстам Олимов ба дилу ҷон ҳис кардаам. Ҳатто ба корбандиву сӯзу сози вай холисанлиллоҳ ҳасад бурда, на як бору ду бор аз худ пурсидаам, ки оё ман метавонистам ба монандӣ ӯ бошам. Ва албатта, табиист – ҳар дафъа ин суол дар вуҷуди банда беҷавоб мемонд.

Дар байни халқ панду андарз ва ҳикматҳои зиёде роиҷанд, ки аксарияти онҳо кайҳост ба

пешина
аз 87
навбатӣ