Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Мақол ё зарбулмасали нишонрас табдил ёфтаанд. Масалан, мегӯянд: чӣ ранг гирифтани ҳаёти худро ҳар кас аз тақдираш ҷӯяд, аз нону насибааш донад. Бо вуҷуди ин дарк мекунем, ки тақдирро боз тақдирҷунбон мебояд. Ва ӯ маҳз инсон аст. Ҷавобан ба покизагӣ ва заҳмат ҳамон нону насиба низ фарох мегардад. Ба ин нигоҳ накарда... дар ҳикматҳои халқ мағзу маънии зиёде нуҳуфтаанд. Яъне инсон худашро худаш месозад. Роҳи каҷ дорад дар зиндагӣ, ё рост — низ мувофиқи ахлоқ ва дилу нияти ӯ таъин мешавад. Мазмун, кулли инсонҳо, қатъи назар аз чигунагии ҳаёташон, мукофоти амал хоҳанд дид. Бинобар ин халқ, боз ҳам ба як доноӣ гуфтааст, — ҳар кас кунад, ба худ кунад, хоҳ нек кунад, хоҳ бад кунад.

Чӣ суханони бамаънӣ!

Бароталӣ Олимов, ки аз гузашти рӯзгор дарси некиву некномӣ гирифта, то ба дараҷаи як инсони аз оламу одам бохабар ва арбоби давлат камол ёфта, сазовори иззату эҳтиром гардидааст, мағзи ин ҳақиқатро хуб медонад. Ва аз сарнавишт ва нону насиба низ розист. Зеро агар вазифаи олии инсон дар дунё аз худ асари нек мондан бошад, пас Бароталӣ муддати солҳост, ки дар шаҳру деҳоти Сурхонзамин, ҳамзамон дар дилу дидаи мардуми он чунин асар мемонад. Вале аз ин хусус фикр намекунад, миннат намегузорад. Фақат машғули кор буда, на танҳо дар роҳи амалӣ гардондани нақшаҳои давлат ҷидду ҷаҳд нишон медиҳад, инчунин худаш низ барои равнақи ноҳияи Деҳнав ва серу пур умр ба сар бурдани сокинони он... чӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва чӣ дар ҷабҳаи саноат ғояҳои тоза пеш меронад. Ва ҳамеша мекушад, ки иқтисод

пешина
аз 87
навбатӣ