Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Эътиқод ҷой доранд. Дар ин сурат вазифаи мо, калонсолон, насли наврасро ба хотири минбаъди дурахшон ҷисман тавоно, ақлан бамаънӣ ва рӯҳан яклухт тарбия кардан аст.
Ҳамин хел батамкин андеша меронад БаротАлӣ. Ва ман беихтиёр аз ӯ мепурсам:
-
Муҳимтарин хислати роҳбарро дар чӣ мебинӣ?
-
Дар ҳушёрӣ, - филҳол мегӯяд БаротАлӣ Олимов. - Агар не, миёни кор мешиканад. Одами номаш роҳбар бояд ба аҳли заҳмат чун дар як ресмон пайванд бошад. Аз дарди дили вай, аз фикру зикри вай ҳамеша огоҳ гардида, маслиҳату машварат тартиб диҳад. Ва агар ягон андешаи бамаънӣ шунавад, бояд онро зуд дар ҳалли дурусти мушкилиҳо истифода кунад. Беҳуда нагуфтаанд: аз як калла ду калла беҳтар. Боз гуфтаанд, ки маслиҳат идроку ҳушёрӣ диҳад, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад. Инчунин ба ҳар инсони ҳушманд маълум аст - созад ҳам халқ месозад, сӯзад ҳам халқ месӯзад. Албатта, вобаста аз он ки сарвар, шахси масъул, мансабдор ӯро ба кадом ҷода ҳидоят намуда, то куҷо мебарад.
То метавонӣ, аз одамон, аз ғаму шодӣ ва ташвишу тараддуди онҳо дур будан мумкин нест, - дар тӯли тамоми фаъолияташ худ ба худ таъкид менамуд БаротАлӣ. Ва ин ақидаро бо як устуворӣ ҳар рӯзу ҳар соат амалан ҷорӣ мекард. Дар натиҷа аз байн муддате нагузашта, тавре сурат гирифт, ки алоқаи ҳар дараҷа роҳбари ноҳия ба халқ, ба аҳли заҳмат торафт мустаҳкам гардида, кор низ дар кулли ҷанбаҳо рӯ ба ривоҷ овард.
Олимов ба ин худаш намуна мешуд. Вазъи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё