Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
ноҳияро муттасил омӯхта, аз камбудии ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, заводу фабрикаҳо аниқ дарак ёфта, барои рафъи онҳо маслиҳат медод. Ва дар як вақти муайян рафта медид каний, маслиҳати вай чӣ хел амалӣ гардидааст, чӣ фоида овардааст. Касеро ки аз уҳдаи кор намебаромад, дар мансабаш тасодуфӣ буд, баъди ӯро аз ҳар ҷиҳат омӯхтан... ба халқ фаҳмонда, чандин нафар ба миён дароянд ҳам, аз фикраш нагашта, бо қатъият аз вазифа озод мекард.
Зеро муҳимтар аз ҳама ободии диёр ва оромии халқ аст. Якҷоя ба аҳли заҳмат танҳо роҳбари бавиҷдон метавонад душвориҳои ҷиддиро сари вақт бартараф созад. Хештанпарастӣ, ӯрабозӣ, маҳалгароӣ, мансабфурӯшӣ, гаправӣ ва сустиродагӣ оқибатҳои нохуш оварда, зарараш дар навбати аввал ба халқ мерасад. Халқ ки зарар дид, мулк низ рӯ ба харобӣ мениҳад.
Дар ин амалу андеша собитқадам аст Бароталӣ Олимов. Агар ба як қарор ояд, ҳеҷ кас наметавонад фикрашро дигар кунад. Чунки ӯ доир ба ин ё он масъала на аз рӯи ҳиссиёт, ғарази пинҳон, ё худ зӯъмиву инҷиқӣ, балки бо тақозои ақл ва тарозуи ҳақиқат хулоса мебарорад. Пас ба ҳар гуна фишор тан ҳам намедиҳад.
– Кас агар интизом дошта бошад, ҳатман ба мақсад мерасад, – гуфта буд як дафъа Бароталӣ.
– Инсон набояд вақташро беҳуда сарф кунад.
Охир, умри одамӣ кӯтоҳ... Дар ҳадисҳо низ аз ин хусус чандин бор аз забони пайғамбарамон омадааст. Инсони оқил ҳатто ягон соати умрашро беҳуда намегузаронад. Осон нест аз худ номи нек мондан. Меҳнат металабад ин неъмат, муомилаи хуш мехоҳад. Дар кулли ҳолатҳои зиндагӣ, ба ҳама мардум...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё