Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
бони маъруф ба ҳисоб рафта, имрӯз дар мансаби худ, то ки маҳсули кораш шоиста бошад, ҳама нерӯяшро ба сарф медиҳад. Аз таҳти дил, бе ягон миннат...
Боре аз маҳалгароиву ҳамшаҳрбозӣ сухан ба миён омаду Бароталӣ Олимов ин хислати бадро, ки дар хуни баъзе роҳбарони кӯтоҳандеш, худашон эҳтимол бехабар, ҷой гирифта, боиси бадбахтиву хунрезиҳо низ мешавад, сахт маҳкум намуда, ба хоса тааммул чунин гуфт:
– Барои ман, масалан, аз сад ҳамшаҳрии беҳунар дида, як худи Темур Шавкат сад маротиба авлотар. Чунки ӯ дар барам истода, ба сидку сафо ва мардона, муҳиммаш, ба ақлу ҳуш кор мекунад. Зуҳуроти бисёр нохуш аст маҳалгароӣ ва ҳамшаҳрбозӣ. Ҳатто мараз аст, ки агар ривоҷ ёбад, мардумро то ба миллатчигӣ мебарад. Миллатчигӣ бошад, – худ як офат, як балои муаллақ... Мутаассифона, баъзеҳо миллатро дӯст доштан, парастиданро аз миллатчигӣ... ё дағдағаи миллӣ, ки он ба ақидаи ғалати фақат миллати хешро бузург донистан такя меорад, фарқ карда наметавонанд. Бинобар ин дар ҳар ҷо нахуст ба маҳалгароиву ҳамшаҳрбозӣ зарба задан лозим. Ба касе вай аз фалон шаҳр ё маҳал гуфта, ба дили баду назари паст нигаристан ба ҳеҷ бандаи Худо намезебад. Зиёда аз ин, сирф гуноҳ аст чунин рафтор.
Андешаи хеле бамаъно, ки аз қалби софу имони пок бармеояд. Ба илова, як сухани кӯтоҳи Олимов дар ҳаққи ҳамсафи худ ба сад тавсиф баробар аст.
Ва ман фикр мекунам, – беҳуда дар он шакл баён намегардид қадршиносии ҳоким. Пас ҳамин кофист, то мо тасаввур намоем, ки дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё