Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳим монда, то ки ба падари корзадаву бемораш муттако гардад, аз барои як пора нон ҳатто дар ба дар гашта, сармои сахти зимистонҳоро дар болои бӯрӯи фарсудаву хаскаппаи сӯрох-сӯрох мегузаронд, бо вуҷуди он ки то ҳабдаҳ-ҳаждаҳ-солагӣ ёд надорад кай шикамаш ягон маротиба сер, пояш пӯшида ё танаш бутун шуда буд, — ба ин ҳама нигоҳ накарда... ҷон ба ҷаббор надод, ба воя расид. На фақат ба воя расид, балки аламуҳои талху оби дидаи шӯрашро, дарди бенавоиву азоб ва маҳрумиятҳояшро мардонавор фурӯ бурда, дар муқобили ночориҳо, бар зидди таҳқиру тамасхурҳои баъзе сангдилон, ки вомехӯрданд дар зиндагӣ чунин зотҳои касиф, дандон ба дандон гузошта, обутоб ёфт, як ҷавони бадасту бозу ва паҳлавон шуд.

Ҳоло гуфтем, ки аввалан Худо ҳаст дар болои сари инсон. Лекин набояд фаромӯш кард — чӣ ранг гирифтан ҳаёти кас аз худаш ҳам вобаста. Бе ирода, бе кӯшишу ғайрат, бе эътимод ба фардои нек ва рӯзу рӯзгори хуш одам аз зиндагӣ дилмонда мешавад. Ва ниҳоят, чун най дар дами бод мешиканад, ба фано меравад.

Бобораҳмат-ака чӣ?

Вай намехост ба азобу уқубатҳои зиндагӣ таслим гардад. Аз ин рӯ, то ки додаракаш Дамин дар ҳаёт бошад, то ки падари пир ва афтодааш андаруни хаскаппа аз гушнагӣ намирад, худаш ҳам пагоҳ рӯзи равшан бинад, аз даҳсолагӣ... то ҷон дар бадан дошт, бори меҳнат мекашид, — аз паи моли мардум мегашт, дар замини одамон каланд мезад, ба дари хонаи ашхоси осудаҳол хизмат мекард. Аз хешу табор луқмае чашмдор намешуд. Воқеан, чизе ҳам надоштанд онҳо, ба мисли падари ӯ бебизоат буданд. Лекин дила

пешина
аз 87
навбатӣ