Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
шинондааш сабз мешуд, ҳосили дилхоҳаш ба даст меомад. Ва акнун онҳо, падару писар, бигузор кам бошад, аммо хӯрдани меёфтанд. Бигузор тадриҷан, аммо ҳамон баъзеҳо додару бародарро дигар таҳқир намекардагӣ шуданд.
Ҳангоме дар деҳаи Бобораҳмат-ака, ба ном Андиҷон, низ колхоз ташкил доданд, ягон гапаш будагист, ки на фақат ман барин камбағалон, балки деҳқонони миёнаҳол ҳам ба он дохил мешаванд гуфта, вай ба сафи колхозчиён даромад. Инчунин дар мактаби маҳви бесаводӣ хондану навиштан омӯхт. Зирак ва чаққон ки буд, дар колхоз аввал ҳисобдор шуд, баъд сардори даста шуд, ташвиши бригадаро ҳам ба ӯҳда дошт, дар вазифаи ҳосилот низ кор кард. Ва ниҳоят, дар айни авҷи ҷанг бо фашистон — ту дар ин ҷо лозим гуфта, ӯро ба сарбозӣ нагирифта буданд, — дар колхози ба номи Сталин, ки аз се-чор хоҷагии камқувват ба ҳам меомад, раис интихоб гардид.
Вай акнун беш аз пеш масъулият ҳис мекард. Аз як тараф, ҷанг бо фашистони ғаддор давом дорад, ки барои ғолиб омадан музаффариятҳо дар ақибгоҳ бисёр муҳиманд. Аз тарафи дигар, дар колхоз дасти корӣ намерасид, бо техника таъмин намудани хоҷагиҳо низ комилан қатъ гардида буд. Ҳар чӣ колхоз ба рӯи об мебаровард, тавассути меҳнати занону духтарон, пирому кӯдакон ва ҷангвароне буд, ки дар корзор маҷрӯҳ шуда, ба зодгоҳи худ бармегаштанд.
Онҳо на фақат дар саҳроҳои хоҷагӣ аз субҳ то шом арақи ҷабин мерехтанд, на фақат ба нияти фронт меваҳои қоқ тайёр карда, барои аскарон пӯстин медӯхтанд, ё ҷуробу пайтоба мебофтанд, балки ботлоқзорҳои атрофро низ аз чанги найи-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё