Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ларо ба миён гузоштанд. Гап аз хусуси ҷазираи Пайғамбар мерафт, ки дар қарибии Тирмиз, яъне дар худи сарҳад бо Афғонистон ҷой гирифта, рӯз ба рӯз таки по мешуд, ба харобазор табдил меёфт. Дар рафти ҷаласа Бобораҳмат-ака сахт ба ҳаяҷон омада, бадард гуфта буд: «Ҷазираи Пайғамбар ёдгоре аз гузаштагони мост. Дар он маскани илоҳӣ, ки падару бобоёнамон хоки муқаддас медонистаанд, ҳоло қисми ҳарбӣ қарор дорад. Магар ин зери по шудани ору номуси мо нест?! Пас биёед, даст ба даст дода, мероси ниёғони худро эҳтиёт кунем, азиз донем!» Ҳамин суханон сабаб гардида, зуд ба ҳалли масъала оғоз намудем. Аз байн муддате нагузашта, қисми ҳарбиро аз ҷазираи Пайғамбар кӯчонданд... Ман гувоҳам, ки ӯ дар ҳаёти худ ба ин монанд бисёр корҳои савоб кардааст. Кадомашро ба хотир орам? Аз барои дар ноҳияи Деҳнав сабзондани гуна-гуна дарахтони субтропикӣ ва аз онҳо ҳосили фаровон гирифтан ҷонбозиҳо нишон додани Бобораҳмат-акаро гӯям, ё аз токопӯи вай дар ташкил намудани нахустин «Ромсовхоз» дар саросари мамлакати шӯроҳо гап занам? Ё шояд дар хусуси он ҳикоят кунам, ки чӣ тавр Бобораҳмат-ака аз минбари анҷумани пешқадамони ҷумҳурӣ далерона гуфта буд: давлат ба инсоф омада, бояд нархи хариди пахта ва пилларо аз хоҷагиҳо баланд бардорад? Воқеан, баъди анҷуман — бешак, дар натиҷаи суханронии ӯ — барои ин маҳсулотҳо аз ду то чор баробар зиёд ҳақ медодагӣ шуданд... Ҳоло ба шумо кадом яктаашро гӯям?!»

Муҳиддинов дар ҳаққи Бобораҳмат Юсуфов чунин андеша ронда, дар ҷои дигари ҳамон мақола овардааст, ки «мо сӣ сол ба ҳам дӯстӣ дош-

пешина
аз 87
навбатӣ