Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ро мемонд, барои минбаъда серӣ ва пурии халқаш дар дохили ҷумҳурӣ пояи мустаҳкам гузошт. То метавонист, аввало маориф ва илму фарҳангро ривоҷ дода, дар рушди хоҷагии қишлоқ, беҳбуди рӯзгори мардум ва тарбияи кадрҳои ҷавон низ саҳми беандоза гирифт. Осон нест сиёсатмадори хуб будан. Худат як фикр карда бин — сарвар... дар баробари он ки ба халқаш, ба ватанаш меҳру муҳаббати бепоён дорад, рафту ҳангоми зарурат сахтгир ҳам набошад, магар мумкин аст раият орому осуда умр ба сар барад? Ба фикри ман, дар гумон... Ободии мулку амонии халқ нахуст аз заковати роҳбар вобаста аст. Шароф-ака дар мансаби худ ба ақлу тамиз, садоқат ва дурандешӣ, бешак, ҳамто надошт.

— Ту, албатта, беҳтар медонӣ, — гуфтам ман ва қадре сукут карда, пурсидам: — Солҳое ки дар ноҳияи Зарчашма шахси якум будӣ, ҷавобгарии Ӯзбекистонро Шароф Рашидов ба дӯш мекашид. Ҳамин тавр?

— Бале, — калла ҷунбонд ӯ.

— Пас чӣ хотираҳои нек дорӣ аз он солҳо? Умуман фаъолиятат чӣ хел мерафт дар Зарчашма?

— Гӯё бад набуд. Кӯшиш доштам пеш аз ҳама ба мардум забон ёбам. Дар натиҷа дӯстони бисёр пайдо кардам. То ҳол рафоқату робитаи мо қатъ нашудааст. Ба назарам, худи ҳамин як хотираи азиз аст.

Инро гуфта, вай риштаи суҳбатро ба дигар тараф кашид. Мо боз муддате аз ҳар дар, бештар аз ҳодисаҳои шодиовар гап зада нишастем. Ҳозирин — ҳам Темур Шавкат, ҳам Нурмуҳаммад Юсуфӣ, ки аз лаҳзаҳои аввал бо тамкини ба худ хос сукут меварзид, хеле хурсанд буданд.

пешина
аз 87
навбатӣ