Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин байни борон монда, ҳаво кушода шуд, офтоб баромад. Инак дар саросари боғ насими форам мевазид.

— Акнун ба мо иҷозат, — гуфт ниҳоят Баротӣ, дафъатан як пиёла чой нӯшида. — Равем, ману Темурҷон камтар кор дорем. Вақт ёфта, ҳоло боз меоем. Ту бемалол истироҳат кун, ҳама гуна фикру хаёли нобобро аз сарат дур андоз. Ана, дӯсти ҷавониат Нурмуҳаммад ҳозиру нозир, зиқ шудан намемонад. Ягон камбудӣ бошад, гап зан.

— Ҳама сад фоиз... — каме шарм дошта, беихтиёр ба забон овардам ман.

— Пас то дидан, — гуфт ӯ ва бо муовини худ Темур Шавкат бархоста, чаққон ба тарафи мошинаш рафт.

Тахмин баъд аз ним соат, вақте ки Нурмуҳаммад дастархони болои мизро меғундошт, банда як дам ба гирумони вай чашм дӯхта, аз дур кунҷковӣ кардам:

— Ту, ба хаёлам, супориши махсус дорӣ.

— Яъне? — дар даст чойники холӣ, зуд ба ман назар давонд Нурмуҳаммад.

— Рости гап, донистан мехоҳам, ки барои чӣ коратро партофта, ҳар саҳар ин ҷо меоӣ. Дегу табақ мегӯй, ташвиш мекашӣ...

— Чӣ, мумкин нест?

— Мумкин... Аммо қорат чӣ мешавад? Ту, охир, раиси як бозори овозадор...

— Дуруст, ман имрӯз раиси бозор, лекин камобеш сӣ сол боз рафиқи ту.

— Ҳақ асту рост. Дӯстии мо аз нимаи дуюми солҳои шаст, аз айёми донишҷӯӣ, аз кӯчаҳои дилкаши Душанбе оғоз мегирад. Ман инро нағз медонам. Вале ҳаррӯза вазифаатро як тараф

пешина
аз 87
навбатӣ