Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Ба ҳаёти Олимов ҳатталимкон огаҳӣ ёфта, то ҷое метавонад ба ин суолҳо ҷавоб гардонад. Воқеан, кӣ намедонад, ки поёни меҳнат дар дунё роҳат, гуфтаанд? Роҳат на фақат дар мисоли бофароғат рӯз гузарондан, балки дар тафаҳҳуми умри маъзнавӣ ба сар бурдан ҳам, аз ҷавҳари шахси хеш, аз дараҷаи инсонгарии хеш қонеъ гардидан ҳам... Дӯсти ман Бароталӣ феълан чунин мард аст. Заҳмати беминнат муттакояш, вай имрӯз дар байни халқи Деҳнав ба иморати ҳаёти маънавии худ хиштҳои нав ба нав мегузорад. Ва меболад... Зеро ҳеҷ мумкин нест ҳақиқати маъмулро инкор кардан.
9
Тахмин чоштгоҳи нӯҳуми май — рӯзи ғалаба бар фашизм — Темур Шавкат маро дар меҳмонхонаи боғи овозадори Бобораҳмат Юсуфов пайдо карда, ба муносибати ин иди кабир орзуҳои нек хост. Ва ба хушнудӣ, ба табассуми чун ҳамеша самидӣ гуфт:
— Ҳоло акаи Бароталӣ ҳам меояд. Пас як ҷо меравем. Секаса...
Ҳангоме ки ба тахтакати васеи саҳни меҳмонхона нишаста, ба пиёлаҳо чой мерехтем, вай ба сари зонуи ман каф зада, рӯҳбаландии худро ин тавр изҳор дошт:
— Вақту соаташ ҳамин рӯз будааст, дӯстам. Мо аслан кайҳо мехостем шуморо ба ӯ шинос кунем. Иброҳим-ака инсонест, ки аз чеҳраи пурнураш, аз сӯҳбатҳои гарм ва бамағзу маъниаш кас ҳаргиз сер намешавад.
— Кадом Иброҳим-ака? — ба хушҳолии вай шарик гардида, пурсидам ман. — Ҳамон раиси машҳур?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё