Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Бале, роҳбари хоҷагии ҷамъиятии ба номи генерал Собир Раҳимов, — гуфт Темур Шавкат.
— Иброҳим-ака Исроилов... Маълум, ки шумо ҳам сифати ӯро шунидаед. Порсол ба унвони олии Қаҳрамони Узбекистон мушарраф гардид.
— Медонам. Дар бораи Иброҳим-ака ман на танҳо шунидаам, инчунин ба худаш ҳам шиносам.
— Не-э? — омехта ба ҳайрат хандид Темур Шавкат.
— Мо порсол ба якдигар шинос шуда будем. Моҳи декабр... Дар ҳамин ноҳияи худатон, — низ хандидам ман. — Дар тӯи ҳосилот.
— Воқеан, шумо порсол омада будед, дар он тӯй иштирок доштед, — гӯё ҳиҷолат кашида, бо таассуф калла ҷунбонд Темур Шавкат. — Бубахшед, акнун ба ёдам расид.
— Боке не, — гуфтам ман, ӯро аз китфаш оғӯш карда.
— Хуб, фикри шумо чӣ?
— Дар хусуси раис?
— Ҳа-а, он вақт, албатта, ҳамсӯҳбат шудагистед...
— Аввалан, дар ҳаққи як нафар марде, ки халқ сидқан эҳтиром мекунад, бар замми ин дар ивази меҳнати ҳалолаш унвони қаҳрамонӣ гирифтааст, чӣ гуфтан мумкин? Фақат сухани нек мегӯй.
— Рост. Дар замони мо, дар шароити нави давлатдорӣ, боз дар партави ифтихори миллӣ... расидан ба чунин дараҷа кори осон нест.
— Бешубҳа. Ҳоло мукофоту унвонҳои баланд қадр доранд. Пештара барин якбора аз бист касу сӣ кас қаҳрамон намесозанд.
— Лекин ҷони гапро гуфтед...
— Сониян, давоми суханам ин буд, ки порсол

пешина
аз 87
навбатӣ