Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Сафеди соф пахтагӣ ва ҳатто ҷуробу дастрӯймол ёфтам. Ва аз ин эътибори Баротӣ мутаассир шуда, хаёлам бештар ба овони бачагӣ рафта, дар мобайни ҳуҷра каме беҳаракат истодам. Пас либос кашида, он ҳамаро, ки расо чени қаду бастам буданд, бо ҳавас пӯшидам. Инчунин чизу чораи худро аз қабили китоб, қаламу коғаз, ришгираку дандоншӯяк, дастпок, шиму курта ва ғайра ашёи сафар ба анбон андохта, то метавонистам, аз дари меҳмонхона хушҳол берун шудам.

— Муборак бошад! — дастамро фишурда, гуфт Темур Шавкат.

— Зебидааст, а? — як ба ману як ба вай нигарист Баротӣ.

— Бисёр... — ба маънии тасдиқ калла ҷунбонд муовинаш.

— Ташаккур, — гуфтам ман ба онҳо. — Ҳамаш олиҷаноб — на хурд, на калон, лоиқи худам...

— Насиб кунад, ҷӯраҷон, — гуфт бо меҳр Баротӣ. Сипас ба сар то пои банда чашм давонда, таАССУФОМеЗ ПУРСИД: — Ту дар ҳақиқат баргаштанӣ?

— Бале, — кӯтоҳ ҷавоб гардондам ман.

Олимов як қадар ба андеша рафт. Бо вуҷуди он ки синнаш аз панҷоҳ гузаштааст, масалан, даҳ-понздаҳ сол муқаддам ӯро дар чӣ сурате дида бошам, ҳамон хел ҷавон ва бардам метофт ҳоло дӯсти бачагии ман. Батану тӯш, ситорааш гарм, озода... Ба қавле, ҷомазеб аст вай. Аз ин рӯ костюми осмонранги оҳараш нашикаста, ки яқин ба муносибати иди Ғалаба пӯшида буд, ба қаду қоматаш ниҳоят мезебид. Дар сари синааш нишони Маҷлиси Олӣ зумуррад барин дурахшида,

пешина
аз 87
навбатӣ