Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ҳусни мардонаи ӯ ҳусни тоза зам мекард.

Бо ин ҳама Бароталӣ Олимов тамкини ба худ хос дорад, батаҳаммул аст. Дами сӯҳбат ҳар калимаро гӯё дар тарозуи ақлу фаросат баркашида, бо як оҳанги гуворо ва дона-дона ҳарф мезанад. Дар муддате ки ин ҷо будам, чандин рӯз боз ба деҳнавиён ҳаққи намак мешудам, вай аз ҳар гуна пурсуҷӯи ман доир ба ҳаёти шахсиаш беозор гурехта, ғолибан ба масъалаҳои сиёсат, тарзу тариқи роҳбарӣ, таърихи халқу ватан, вазъи кунунии мамлакат ва минбаъда самтҳои тараққиёти он руҷӯъ менамуд. Аз мулоҳизаҳои Бароталӣ чунин бармеомад, ки ӯ на танҳо ҳокими як ноҳияи машҳур, балки як тан марди аз илму адаби замона феълан бохабар аст.

— Ихтиёр ба худат, — гуфт ӯ ниҳоят.

Ман бо лабханд нигоҳамро гурезондам.

Ҳамин вақт Нурмуҳаммад низ пайдо шуд. Ҳаррӯза барин дар даст қоғазхалтаи калон дошт — албатта, нону мева овардагист. Боз сабзавот, чакка, шояд чукрӣ... Вай борашро зуд ба посбони меҳмонхона супурда, бо ҳама вохӯрдӣ кард, эҳтиромона аҳвол пурсид, мубораки ид гуфт.

Пас аз дақиқае Бароталӣ маро аз зери оринҷам гирифта, ба пайроҳаи сангине ки то миёни боғ тӯл мекашид, оҳиста ҳидоят намуд. Мо паҳлу ба паҳлу чанд қадам хомӯш рафтем. Ҳангоме аз меҳмонхона камобеш дур шудем, вай дар сояи як дарахти баланд таваққуф карда, ба ман назар давонд — асосан ба чашмонам менигарист, — ва пурсид:

— Ба ту чӣ шуд?

— Ҳеҷ... — беихтиёр китфак задам ман.

— Пас барои чӣ ин хел якбора ҳавои Душанбе гирифт?

пешина
аз 87
навбатӣ